СИЛСИЛАДАРСҲОИ ОНЛАЙНӢ

Бинанда: 250 | Санаи нашр: 24 Апрел 2024

Дар доираи шартномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи инноватсионӣ- технологии Қазоқистони ғарбӣ (ДИТҚҒ) силсиладарсҳои онлайнӣ аз фанни микроиқтисод барои донишҷӯёни ҳарду донишгоҳ оғоз гардид.

Санаи 24.04.2024 дарси онлайнии муаллими калони кафедраи молия ва иқтисоди ДИТҚҒ Тулеугалиева Нонна Исаковна барои донишҷуёни ДДТТ ва дотсенти кафедраи назарияи иқтисоди ДДТТ Юнусова Маҳбуба Махмуродовна барои донишҷӯёни ДИТҚҒ баргузор гардид.

Силсиладарсҳои онлайнии омӯзгорони ҳарду донишгоҳ то охири моҳи майи соли ҷорӣ идома меёбанд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top