Шуъбаи бақайдгирӣ ва маркази тестӣ

Шуъбаи бақайдгирӣ ва маркази тестӣ ҳамчун воҳиди сохтории муҳимму зарурӣ тамоми шаклҳои фаъолияти таълимии донишҷӯёнро дар давраи таҳсил сабт менамояд.

Мутахассисони шуъба ташкили ҳама гуна раванди донишандӯзии донишҷӯёнро назорат ва рейтинги академии онҳоро муайян менамоянд.

Дар натиҷаи муттаҳид гардидани шуъбаи бақайдгирӣ ва машварат бо Маркази тестии донишгоҳ 31-уми декабри соли 2020 шуъбаи бақайдгирӣ ва маркази тестӣ таъсис ёфт.

Шуъба фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ, супоришҳои раёсати таълим, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солонаи шуъба амалӣ менамояд.

16-уми августи соли 2021 Фирӯзҷон Солиев мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва маркази тестӣ таъйин гардид.

Дар шуъба мутахассисони зерин кору фаъолият менамоянд:

– Насиба Ашӯрова, бақайдгиранда;

– Нодира Саидова, бақайдгиранда;

– Санавбар Турахонзода, бақайдгиранда;

– Шуҳрат Назаров, бақайдгиранда;

Шуъба дар низоми кредитии таҳсилот яке аз воҳидҳои асосии сохтори донишгоҳ ба шумор рафта, фаъолияти таълимии донишҷӯён дар давраи таҳсил ба он алоқаманд аст.

Имрӯз фаъолияти мутахассисони шуъба пурра автоматӣ кунонида шудааст.

Мутахассисони шуъба асосан вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:

– ба пойгоҳи тестӣ ворид кардани маҷмӯи саволҳои тестӣ, ки аз ҷониби омӯзгорони фанни таълимӣ омода карда шудаанд;

– муқаррар намудани шумораи донишҷӯён (ному насаб, рамз, гурӯҳ) аз рӯи факултет ва ихтисосҳо;

– ташкил, баргузор намудан ва назорати имтиҳонҳои тестӣ;

– дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба пойгоҳи маълумот доир ба фаъолияти донишҷӯён;

– машварат гузаронидан ва ёрӣ расонидан ба омӯзгорони кафедраҳо доир ба фаъолияти синфхонаҳои компютерӣ ва барномаи компютерӣ;

– таъмин намудани фаъолияти мунтазами низоми тестии синфхонаҳои компютерӣ;

– тартиб додани натиҷаҳои тестӣ аз рӯи фанҳои таълимӣ дар охири нимсола ва ба кафедраҳо фиристодани он;

– пешниҳоди маълумот ба раёсати донишгоҳ ва садорати факултетҳо оид ба гузаронидани санҷишу имтиҳонҳои тестӣ;

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top