“ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН – ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”

Бинанда: 293 | Санаи нашр: 20 Март 2024

Рӯзи 20.03.2024 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи Нақшаи муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандустии шаҳрвандон дар нимсолаи якуми соли 2024 таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ”, ки аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 12.02.2024 тасдиқ гардидааст, вохӯрии судманд бо сардори шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Далер ва омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Чорабиниро муовини якум, муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим Абдукарим Қурбонов ҳусни оғоз бахшида, доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагии Ватан суханронӣ намуд.

Сипас, Ализода Далер оид ба масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ суханронӣ намуд.

Инчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳои тарбияи ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, хурофоту таассуб, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи ахлоқии фарзандон, баланд бардоштани донишу маънавиёти ҷавонон, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати Ватан - Модар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top