Конференсияи байналмилалии онлайнӣ

Бинанда: 1169 | Санаи нашр: 28 Ноябр 2020

28-уми ноябри соли 2020 дар донишгоҳ кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҷамъиятии бухгалтерон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ - амалиро дар мавзӯи «Масоили муҳимми назария ва амалияи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар шароити муосир» ба тариқи онлайн гузаронид, ки дар кори он зиёда аз 40 нафар муҳаққиқ аз Федератсияи Россия, Казоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат намуданд. Ҷаласаи пленариро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илми иқтисодӣ, дотсент Заррина Қодирова ифтитоҳ карда, аз номи раёсати донишгоҳ ба масъулон ва иштирокдорон барои ташкил кардани ҳамоиши илмӣ изҳори сипос намуданд.

Дар ҷаласаи пленарӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент М. Шобеков, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Низомов С.Ф., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Мирзоалиев А.А., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Каримов Б. Ҳ., инчунин, ба тариқи фосилавӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон муҳосиби касбӣ, сарвари Донишкадаи авруосиёгии муҳосибони касбӣ Алимбетов Н.О., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсентони Донишгоҳи молиявии Федератсияи Россия Нурмухаммедова Х. Ш. ва Сафонова И.В. суханронӣ намуда, дар мавриди мушкилоти рушди ҷомеавии касби муҳосибӣ дар шароити рақамигардонии фаъолият ибрози андеша карданд. Дар идомаи ҳамоиш сардори раёсати сиёсати баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва фаъолияти аудитории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Умаров низ суханронии пурмуҳтаво намуда, зарурияти бадастории гувоҳномаи муҳосиби касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани аудити ҳатмии ҳисоботи молиявии субъектҳои манфиати умумро зикр намуд.

Дар поёни ҷаласаи пленарӣ ба муносибати 20-солагии Донишкадаи ҷамъиятии бухгалтерон ва аудиторони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 50 нафар намояндаи амалия ва назарияи илми муҳосибӣ, аз ҷумла ба профессорон Хушвахтзода Қ.Х., Уроқов Д.У., Раҷабов Р.К., Низомов С.Ф ва дигарон барои саҳми арзанда дар рушди касби муҳосибӣ гувоҳномаҳои ифтихорӣ супорида шуд.

Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top