Омодагии комил

Бинанда: 1025 | Санаи нашр: 27 Ноябр 2020

Дар асоси сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илму маориф соҳаи афзалиятноку калидӣ эътироф шудааст ва барои рушду инкишофи муназзаму босуръати он, такмили сифати таҳсилот ва омода намудани кадрҳои болаёқати миллии дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир тадбирҳои муассиру судманд амалӣ мегардад.

27-уми ноябри соли 2020 дар донишгоҳ аз ҷониби ҳайати комиссияи муштараки босалоҳияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар профессорону омӯзгорони кафедраҳои забонҳо, забони англисӣ ва робитаҳои байнифарҳангӣ, математика ва фанҳои табиатшиносӣ дар ҳайати 46 нафар аз аттестатсия гузаронида мешаванд.

Боварӣ дорем, ки ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои мазкур чун тамоми аҳли донишгоҳ сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва, хусусан, илму маориф комилан дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намуда, аттестатсияи имсоларо муваффақона ва дар сатҳи баланд мегузаронанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top