Лэйна Киркланд барои олимони ҷавон

Бинанда: 1732 | Санаи нашр: 31 Январ 2023

Ба диққати омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавони  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон расонида мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Лаҳистон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи Лэйна Киркланд барои олимони ҷавон, кормандони соҳаи илму маориф дар соли таҳсили 2023-2024 бурсия пешниҳод намудааст.

Талабот ба номзадҳо:

  • шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • дар вақти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар Ҷумҳурии Лаҳистон қарор надоштан;
  • доштани таҳсилоти дараҷаи бакалавриат ва ё ба он баробар;
  • синну соли то 40 сола;
  • донистани забони англисӣ;
  • ҳадди аққал доштани таҷрибаи касбии 2 сола;
  • ду сол фосила аз соҳиб шудан ба бурсияи кишвари дигар.

Барои маълумоти муфассал ба Шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ,  татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ  ва суроғаи зерин муроҷиат намоед: http://www.kirkland.edu.pl/en/

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 01.03.2023

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top